Муассисаи мо

Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии “Литсейи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон” Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, микроноҳияи 27, бинои 1а. Литсей барои хонандагон болаёқат бо ташаббуси ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд ва бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2010 №3 таъсис дода шуда, аз 01.09.2011 дар пояи моддӣ-техникии донишгоҳ ба фаъолият оғоз намуд. Литсей дар асоси ҳисоби хоҷагӣ ва худмаблағгузорӣ фаъолият мебарад ва ба синфи ташкилоти ғайритиҷоратӣ баромад мекунад. Литсей бо роҳбарии директор Мухсинов Е.М. аз санаи 01.09.2011 дари худро барои хонандагони соҳибистеъдод боз карда 184 нафар хонандагонро ба таълиму тарбия ҷалб намуд ва аз рӯи равияи табиӣ-риёзӣ ба таълим оғоз намуд. Ҳайати омӯзгоронро 18 нафар омӯзгорон, аз ҷумла омӯзгорони варзидаи дорои тахассусашон олиӣ ва якум, Аълочиёни маориф, номзади илм ташкил менамуданд. Аз соли 2014-2015 то инҷониб муассисаро Аълочии маорифи Тоҷикистон Ачилов Мансур Музафарович роҳбарӣ менамоянд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва ободии литсей саҳми арзанда гузоштанд. Дар ин давра вазифи аввалиндараҷаи маъмурият, ҷомеаи омӯзгорон, пеш аз ҳама сатҳу сифати баланд ба роҳ мондани таълиму тарбия, истифодаи шаклу усулҳои муосири таълим, омӯзиши забонҳои англисию русӣ гузаронидани санҷишҳои мавсимӣ аз фанҳои дақиқ, омода намудани хонандагон ба Олимпидаҳои фаннӣ, байналмилалӣ, сессияи Академияи хурди илмҳо ва истифодаи васеи технологияи муосир мебошад. Бо ин мақсад, тибқи ҷадвал дарсҳои иловагӣ ташкил шуда, бо тарзе дуруст навиштани корҳои хаттӣ, омӯзиши забонҳо, омода намудани хонандагон ба озмуну Олимпиадаҳо, интихоби касб, мутолиаи китобҳои бадеӣ эътибори ҷиддӣ дода, барои истифода аз технологияи муосир ва системаи иттилоотӣ, интернет шароит фароҳам оварда шудааст. Натиҷаи фаъолияти босамари омӯзгорон буд, ки дар соли таҳсили 2020-2021 дар даври шаҳрии Олимпиадаи фаннӣ 6 нафар хонандагон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ ва таърихи халқи тоҷик сазовори ҷойҳои 1,2 ап сеюм гаштанд. Инчунин, барои дониши баланд ва иштироки фаъолона ба 4 нафар Сипосномаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд супорида шуд. Дар Олимпиадаи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ хонандагони синфи 11 Юсупова Саидабону аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва Ҳайдарова Фарзона аз фанни забони русӣ сазовори ҷойи сеюм гаштанд. Дар сессияи ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо 5 нафар хонандагон:

•	1. Ҷӯрабоева Меҳрона – хонандаи синфи 10 аз фанни физика
•	2. Ғафорӣ Хуршед – хонандаи синфи 10 аз фанни ҳуқуқшиносӣ
•	3. Нарзуллоев Нарзулло – хонандаи синфи 9 аз фанни адабиёт
•	4. Самадов Сӯҳроб – хонандаи синфи 11 аз фанни физика
•	5. Ҳоҷизода Эҳсон – хонандаи синфи 9 аз фанни экология
сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

Инчунин, дар ин соли таҳсил хонандаи синфи 11 Асроров Саидҷон ва хонандаи синфи 10 Ҷӯрабоева Меҳрона барои гирифтани Стипендияи Раёсати донишгоҳ, хонандагони синфи 11 Ғафорӣ Ҷамшед ва Юсупова Саидабону Стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд мушарраф гардиданд. Хонандагони синфи 11 Ӯрунбоев Абдурасул ва Ғафорӣ Ҷамшед дар натиҷаи дониши баланд, ғолибони якчанд озмуну Олимпиадаҳо будан, муассисаро бо аттестати аъло ва медали нуқра хатм намуданд. Дар соли таҳсили 2021-2022 хонандагони литсей дар Олимпиадаи шаҳрӣ сазовори 8 ҷойи ифтихорӣ аз фанҳои забони русӣ, забони модарӣ, физика, биология, математика гаштанд. Дар Олимпиадаи вилоятӣ ва ҷумуҳуриявӣ хонандагони синфи 5 Қаюмова Саидахон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва Абдурашидов Мубинҷон аз забони русӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гаштанд. Иштироки хонандаи синфи 10 Негматов Ҷасурбек дар Олимпиадаи «Техникони наврас» дар миқёси шаҳр ва вилоят назаррас мебошад ва сазовори ҷойи якум гашт. Дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика хонандаи синфи 6 Осимов Фазлиддин дорои медал гашт. Дар даври ниҳоии сессияи Академияи хурди илмҳо 7 нафар хонандагони литсей иштирок ва баромад намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Хонандаи синфи 11 Ҷӯрабоева Меҳрона аз фанни физика ва хонандаи синфи 9 Ҳоҷизода Эҳсон аз фанни экология баромад намуда, Узви ҳақиқии сессияи Академияи хурди илмҳо гаштанд. Инчунин, дар ин давра хонандагони литсей Халилов Абдуллоҷон, Ҷурбонова Ситорахон ва Ҷӯрабоева Меҳронахон ба гирифтани Стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд ва хонандаи синфи 11 Ғафорӣ Хуршед ба гирифтани Стипендияи Президентӣ мушарраф гаштанд. Барои муваффақиятҳо зиёд гаштани мавқеи литсей байни муассисаҳои таълими шаҳри Хуҷанд мустаҳкам гардида истодааст ва миқдори хонандагон дар литсей зиёд гаштанд ва дар соли таҳсили 2021-2023 ба 350 нафар расиданд, ки ба онҳо 26 нафар омӯзгорони ботаҷриба дарс медиҳанд. Аз онҳо 6 нафар Аълочиёни маориф, омӯзгорони дорои тахассусашон олӣ ва якум мебошанд. Дар литсей барои бомуваффақият гузаронидани дарс 10 кабинети фаннӣ аз ҷумла:

•	1. Кабинети забон ва адабиёти тоҷик
•	2. Кабинети забони русӣ
•	3. Кабинети забони англисӣ
•	4. Кабинети химия
•	5. Кабинети биология
•	6. Кабинети технологияи иттилоотӣ
•	7. Кабинети математика
•	8. Кабинети физика 
•	9. Кабинети технология (барои духтарон ва писарон)
•	10.Кабинети Кабинети омодагии ибтидоии ҳарбӣ

ҷиҳозонида шуда, ҳамарӯза машғулиятҳо дар кабинети фаннӣ гузаронида мешаванд. Инчунин, барои гузаронидани чорабиниҳои илмию тарбиявӣ толори хурд ташкил карда шудааст, ки омӯзгорон конференсияи илмӣ, дарсҳои ҳисоботӣ, дарсҳои намунавиро дар толор ташкил мекунанд. Барои таълими босифати фанҳо дар литсей 32 адад компютерҳои замонавӣ 3 адад принтер, 11 адад видеопроектор, 10 тахтаи электронӣ мавҷуд аст, ки ҳамарӯза омӯзгорон истифода аз воситаҳои техникӣ раванди таълимро ба роҳ мондаанд. Барои ба муваффақиятҳо ноил гаштани хонандагон саҳми омӯзгорон Акрамбоев Г.Т., Юсупова Н., Ҳошимова Н., Юсупова М., Муҳаммадҷонова М., Мамадҷонова М. ва дигарон хеле назаррас мебошад. Дар соли таҳсили 2022-2023 низ дастовардҳо назаррас мебошанд. Дар даври шаҳрии Олимпиадаи фаннӣ 10 нафар хонандагони синфҳои 5-11 ғолибият ба даст оварданд ва 7 нафари онҳо барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Хонандаи синфи 10 Халилов Абдуллоҷон барои гирифтани Стипендияи Президентӣ, хонандаи синфи 10 Эргашзода Намила ва хонандаи синфи 9 Юсупов Ибодуллоҳ барои гирифтани Стипендияи Раёсати ДДҲБСТ лоиқ дониста шуданд.

15 толибилми беҳтарин

  1. 1)Дадобоева Ойша - 2338(хол)
  2. 2)Расулова Нозанин - 2160(хол)
  3. 3)Абдулхаева Мехрона - 2153(хол)
  4. 4)Осимова Рофияхон - 2148(хол)
  5. 5)Ҷобирова Мадина - 2146(хол)
  6. 6)Жамолиддинов Жавхар - 2127(хол)
  7. 7)Бурхонова Сайёра - 2049(хол)
  8. 8)Бобоҷонова Матлубахон - 1983(хол)
  9. 9)Пирова Ширинбону - 1974(хол)
  10. 10)Шомирзоева Фархунда - 1970(хол)
  11. 11)Рустамзода Рухшона - 1879(хол)
  12. 12)Чалолова Дилноза - 1775(хол)
  13. 13)Очилов Мухаммадамин - 1732(хол)
  14. 14)Юсупова Мунаввара - 1676(хол)
  15. 15)Холиқзода Исроил - 1654(хол)